Як сокини Фархор аз тири марзбонон ба ҳалокат расидааст

Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон. Акс аз бойгонӣ

Як сокини 36-солаи ноҳияи Фархор, ки дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ҷойгир аст, аз тири сарҳадбонон захмӣ шуда, дар бемористон ҷон бохтааст. Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, ҳодиса шаби 12-уми июл рух додааст.

Ба иттилои як манбаи Радиои Озодӣ дар Раёсати нерӯҳои марзбонии вилояти Хатлон, Муҳаммад Асрорзода талош кардааст, ки симхори марзиро убур намуда, ба лаби дарёи Панҷ расад. Манбаъ мегӯяд, ӯ ба амри бозистии сарбозон итоат накард ва тир хӯрдааст.

"Сарҳадбонон вақте ғайриқонуни убури марзро ошкор мекунанд, ба ин мард амр медиҳанд, ки истад, аммо чун шаб буд, ба амр итоат намекунад. Ӯро захмӣ мекунанд ва дар ҷойи ҳодиса боздошт карда, ба бемористон интиқол медиҳанд. Субҳ дар ҳамон бемористон ҷон медиҳад," - гуфт манбаъ.

Ҳанӯз маълум нест, ки дар бадани Муҳаммад Асрорзода маводи мухаддир ё дигар ашёи ғайриқонунӣ ёфт шудааст ё не. Ба гуфтаи манбаъ, додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ дорад.

Як сокини деҳаи Дарқади ноҳияи Фархор, ки Муҳаммад Асрорзодаро мешинохт, гуфт, фақат рӯзи ҷаноза фаҳмидаанд, ки ӯ дар марз кушта шудааст. "Риши паст дошт ва як бачаи ором ба назар мерасид. Одамро фаҳмида намешавад ва маълум ҳам нест, ки бо чӣ ният сарҳад рафтааст," - афзуд ин ҳамсуҳбати мо.

Видеоро инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар марз бо Афғонистон як шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуд

Ин бори аввал нест, ки сокинони маҳаллӣ ва ҳам қочоқбарон ҳангоми кӯшиши убури ғайриқонунии сарҳад аз тири марзбонон ҳалок ё дастгир мешаванд.

Рӯзи 24-уми июн мақомоти Тоҷикистон тавассути расонаҳои давлатӣ хабар доданд, ки дар марзи ноҳияи Ҳамадонӣ як гурӯҳи чорнафараи шаҳрвандони Афғонистон қасд доштанд сарҳадро убур кунанд. Ба гуфтаи манбаъ, онҳо ба фармони сарбозон итоат накарда, ба тарафи онҳо тир кушодаанд. Дар пайи даргирӣ, як қочоқбар кушта шудааст. Марзбонони тоҷик аз ҷойи ҳодиса 71 кило маводи мухаддир ва якчанд силоҳи оташфишонро мусодира кардаанд.

Як рӯз пеш аз ин ҳодиса, мақомоти қудратӣ Шарофиддин Зарифов, сокини деҳаи Панҷоби ноҳияи Ҳамадониро боздошт намуданд ва аз мошинааш 90 килограм маводи мухаддир дарёфт карданд. Ба гуфтаи мақомот, ин маводи мухаддирро аз Афғонистон қочоқ кардаанд.

Ҳоло хати сарҳад бо Афғонистонро дар ноҳияи Фархору Ҳамадонӣ симхор ҷудо мекунад. Тибқи қонунгузорӣ, убур аз симхор бидуни иҷозаи сарҳадбонон манъ аст. Мақомот мегӯянд, убури ғайриқонунӣ аз симхор ҳамчун шикастани марз арзёбӣ мешавад ва ҳар нафаре, ки амри сарбозонро итоат намекунад, тибқи қонун муҷозот мешавад.

Мақомот гуфтанд, барои пешгирии қочоқ ва убури ғайриқонунӣ, дар марзи Тоҷикистону Афғонистон, дидбонгоҳҳои нав сохта шудааст.