Пирӯзии муштзанҳои Русия ва Тоҷикистон дар мусобиқаи бокс дар Хуҷанд

Мусобиқаи байналмилалии бокс ба хотираи Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ Азимҷон Тошев дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд ба поён расид.

Мусобиқа бо иштироки 90 муштзани бузургсол аз панҷ кишвар —Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон – тули чаҳор рӯз (9-12-уми июл) идома кард.

Ба иттилои Федератсияи бокси Тоҷикистон, дар ин мусобиқаи байналмилалӣ муштзани машҳури русиягӣ Алексей Тишенкои 41-сола, дукарат қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ, қаҳрамони ҷаҳон ва Аврупо, ба ҳайси меҳмони фахрӣ ширкат дошт.

Мусобиқа дар ҳафт вазн байни мардон сурат гирифт. Дар чаҳор вазн варзишгарони русиягӣ пирӯзӣ ба даст оварданд. Баир Батлаев дар вазни 51 кило дар финал Меҳроҷ Суфиҷоновро аз Тоҷикистон шикаст дода, бо медали тилло сарфароз гашт.

Данис Габдрафиков дар вазни 67 кило дар даври ниҳоӣ бо мағлуб кардани муштзани тоҷик Довуд Маҳкамов медали тилло гирифт.

Дар финали вазни 80 кило Чеэрав Ашалиев аз Русия бар Шаҳбоз Ҳаитов аз Тоҷикистон дастболо шуда, соҳиби медали тилло гардид.

Медали чаҳоруми тиллоро ба дастаи Русия Святослав Тетерин дар вазни +92 кило овард. Вай дар финал Муҳаммад Аброриддиновро аз Тоҷикистон мағлуб кард.

Се медали дигари тиллоро дар ин мусобиқа муштзанҳои тоҷик гирифтанд. Хусравхон Раҳимов дар вазни 57 кило дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Муҳаммад Собитхонов аз Узбекистон пирӯз шуда, бо медали тилло сарфароз гашт.

Дар вазни 63,5 кило Руслан Ғафуров дар даври ниҳоӣ Расул Магомедовро аз Русия шикаст дода, барандаи нишони тилло шуд.

Муродҷон Ашуралиев дар вазни 71 кило ғолиб гардид. Вай дар финал намояндаи Узбекистон Лазизбек Тулқиновро мағлуб карда, медали тилло гирифт.

Ба ин тартиб, дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Хуҷанд муштзанҳои Русия соҳиби 7 медал (4 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) шуданд.

Мизбонон 18 медал (3 тилло, 4 нуқра ва 11 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Намояндагони Узбекистон 2 медал (1 нуқра ва 1 биринҷӣ), Қазоқистон 1 медали биринҷӣ гирифтанд.