Ӯ се даҳсола аст, ки дар интизори пайдо кардани осоре аз бародараш аст. Модараш боқии умри худро сарфи талош барои ёфтани писараш кард, аммо дар ҳоле даргузашт, ки талошҳояш ба ҷойе нарасид.
Нермин Ҷатич ба бахши балкании Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ гуфт, "то кай метавон умедвор буд? Метарсам, қабл аз ин, ки аз дунё биравам, умедамро аз даст бидиҳам".
"Ҳеч ҷасаде. Ҳеч адолате. Ҳеч оромише. Ин достони Ҷатич ва ҳазорон хонаводаи дигар дар Босния аст, ки ҳанӯз пас аз 30 сол, яъне замоне, ки нерӯҳои серби Босния беш аз 8 ҳазор мард ва писари мусалмони босниягиро дар шаҳри Серебренитса куштанд, даргирӣ он ҳастанд. Ҳодисае, ки танҳо наслкушии шинохташуда дар Аврупо пас аз Ҷанги Ҷаҳонии Дувум аст.
Андоза ва густурдагии кушторҳои июли соли 1995 дар Серебренитса, минтақаи зери назорати мусалмонони Босния, ки даҳҳо ҳазор нафар барои ҳифзи ҷони худ аз дасти нерӯҳои серби Босния ба онҷо фирор карда буданд, ҷаҳонро дар ҳолати шок қарор дод ва боиси маҳкумиятҳои муҳим дар додгоҳҳои байналмилалии ҷиноӣ барои Югославияи собиқ шуд.
Аз ҷумла, Ратко Младич, фармондеҳи низомии сербҳои Босния дар соли 2017 ба ҷурми ҷинояти ҷангӣ, ҷиноят алайҳи башарият ва наслкушӣ, маҳкум шуд ва ҳабси абад гирифт.
Ва дар ҳоле, ки ҷаҳон сиюмин солгарди фоҷеаи Серебренитсаро гиромӣ медорад, касоне, ки талош карданд муҷримонро ба пойи адолат бикашонанд, мегӯянд, дарсҳои зиёде бояд аз воқеа омӯхт. Дарсҳое барои ин, ки адолат барои хонаводаҳои қурбониёни Серебренитса иҷро шавад, ва дар оянда барои кишварҳое чун Украина, ки дар беш аз се соли ҷанг, шоҳиди ҷиноятҳои фаровоне алайҳи ғайринизомиён будаанд, низ омӯзанда бошад.
АДОЛАТИ НОЧИЗ БАРОИ ҚУРБОНИЁНИ СЕРЕБРЕНИТСА
Янин ди Ҷиованн (Janine di Giovann), раҳбари тарҳи "Бозхост", ки хабарнигорон ва вакилони ҳуқуқро барои ҷамъоварии санаду далел ва баргузории додгоҳҳои ҷангӣ гирди ҳам меоварад, гуфт, "бисёре дар Босния аз низоми додгоҳӣ розӣ набуданд".
Ӯ дар гуфтугӯ бо Радиои Аврупои Озодӣ/Радиои Озодӣ гуфт, "касоне, ки дар минтақа муртакиби куштор шуданд, қабр канданд, таҷовуз карданд ва сабабгори нобудии зиндагиҳо ва хонаводаҳо шуданд ва ҷомеаи Серебренитсаро дучори фарӯпошӣ карданд, аксарашон ҳанӯз озодона мегарданд".
Додгоҳи байналхалқии Гаага дар умум, 18 нафарро маҳкум кард, панҷ нафарро ба ҳабси абад ба хотири наслкушӣ ва ҷароими дигар дар Серебренитса.
Ҷеффри Найс.
Ҷеффри Найс, додситони парвандаи Слободан Милошевич, раҳбари собиқи Югославия, дар Додгоҳи Гаага низ ба ин бовар аст, ки раванди додгоҳӣ ноқис ва кутоҳиҳое доштааст.
Ӯ ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озоди гуфт, "фикр мекунам натиҷаи куллӣ мумкин аст ин бошад, ки адолат дар ин мавридҳо амалӣ нашуд ё ба шакли муносибе иҷро нашудааст".
"Таърих ин равандро хуб қазоват нахоҳад кард. Аммо мумкин аст онро дарк кунад. Ду додгоҳ барои Руанда ва Югославияи пешин... комилан нав буданд ва ҳеҷ собиқае надоштанд",-афзуд ӯ.
ОЁ ДОДГОҲИ ГААГА МЕТАВОНАД ТАФОВУТ ЭҶОД КУНАД?
Вазъият имрӯз фарқ мекунад, зеро Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ дар соли 2002 ба унвони як ниҳоди доимӣ ҷойгузини додгоҳи муваққат шуд.
Ба назар мерасад, ин ниҳод азм дорад худро ҷиддӣ нишон диҳад, ки қудрат дорад ва дар ҳамин росто ҳукмҳое дар бораи иртикоби ҷиноятҳои ҷангӣ тавассути касоне чун Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, содир кардааст.
Аммо Ҷеффри Найс шак дорад, ки ин иқдомҳо боис ба маҳкумияти ин афрод шавад. Далели ӯ ин аст, ки даргириҳои Украина ва Ғазза эҳтимолан бо созишҳои сиёсӣ поён ёбад.
Ӯ гуфт, "дар ин сурат, тақрибан ҳатмӣ аст, ки дар ҳар ду маврид, моҳи аввали созиш, ин бошад, ки Путин ва Нетаняҳу барои иттиҳомҳое, ки алайҳи онҳо матраҳ шудааст, муҳокима нахоҳанд шуд".
Ҷеффри Найс афзуд, ки интиқоди сахти ҳукумати Трамп аз Додгоҳи Гаага мумкин аст амалкарди онро заъиф кунад ва роҳҳали беҳтар ин аст, ки таваҷҷуҳ бар истифода аз додгоҳҳои миллӣ бошад.
Дар воқеъ, додгоҳҳои Босния дар муқоиса бо Додгоҳи Гаага, ҳукмҳои бештаре дар бораи наслкушӣ ва ҷиноятҳои дигар дар Серебренитса содир кардаанд. Ин додгоҳҳо то кунун 27 узви пешини нерӯҳои серби Боснияро барои ҷиноят дар Серебренитса маҳкум кардаанд, аз ҷумла 14 нафарро ба иттиҳоми наслкушӣ.
Янин ди Ҷиованн, ки дар замони наслкушӣ дар Серебренитса хабарнигор буд, мувофиқ аст, ки Додгоҳи байналмилалии Гаага метавонанд нақши калидӣ бозӣ кунанд.
Ӯ гуфт, "Украина фарқ мекунад, зеро ин кишвар дар дараҷаи аввал дорои системаи додгоҳии бисёр қавитаре аст. Додгоҳҳои маҳаллӣ дар Украина эҳтимолан аз назари сохторӣ, қавитар ҳастанд. Чизе, ки ба далели федерализм шудани Босния пас аз ҷанг шоҳиди он нестем. Манзурам ин аст, ки он яке аз нокоромадтарин системаҳои ҷаҳон аст".
Мақомоти украинӣ эълон кардаанд, ки барои 679 иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ҳукм содир кардаанд ва дар 188 маврид ҷинояткорон маҳкум шудаанд.
Ин кор баргирифта аз таҷрибаҳо ва тахассусҳое аст, ки дар ниҳодҳоии байналмилалӣ, монанди Додгоҳи Гаага ба даст омадааст.
Янин ди Ҷиованн афзуд, "бисёре аз додситонҳое, ки имрӯз дар Украина фаъолият мекунанд, дар умури адолати байналмилалӣ дар Камбоҷа ва Серра Леоне нақш доштаанд. Мо тайи 30 соли гузашта пас аз Серебренитса, дарсҳои зиёде омӯхтем.
РЕШАҲОИ УМЕД
Яке дигар аз таҳаввулот, истифода аз салоҳиятҳои ҷаҳонӣ аст, ки ҷиноятҳои рухдода дар як кишвар дар додгоҳҳои кишвари дигаре баррасӣ мешавад.
Дар моҳи июн додгоҳе дар Олмон барои як табиби суриягӣ бо номи Алоъ Мусо, ки дар режими Башор Асад дар шиканҷа даст дошт, ҳукми ҳабси абад содир кард.
Дар моҳи апрел тарҳи "Бозхост"-и Янин ди Ҷиованн ба як марди украинӣ кумак кард, то дар як додгоҳи Аргентина алайҳи русҳои шинохташуда ва ношинохта, барои шиканҷаи ӯ, шикоят сабт кунад.
Ӯ гуфт, дарси асосие, ки мо гирифтем, аҳамияти ҷамъоварии зудтари санаду далелҳо аст ва ин мавзуъ ҳам акнун дар Украина дар ҳоли иҷро аст.
"Мо дар ҳангоми ҷанг санаду далелҳои ҷиноятҳои ҷангиро ҷамъоварӣ мекунем. Ин аз ончи, ки дар соли 1995 рух дод, хеле фарқ мекунад... шаҳодатҳо то муддатҳо баъд аз поёни ҷанг гирифта нашуданд".
Инҳо манбаи умед барои амалӣ шудани адолат дар нуқтаҳое монанди Буча дар Украина аст, ки онҷо нерӯҳои русӣ садҳо ғайринизомиро куштанд. Украина аз Додгоҳи Гаага хостааст, то дар бораи ҷиноятҳои ҷангии эҳтимолӣ, таҳқиқот анҷом диҳад.
Аммо эҳтимолан чунин иқдоме барои кӯмак ба Нермин Ҷатич дар Серебренитса дер шудааст.
Бародараш Ниҳод Нино Ҷитич, рӯзноманигоре буд, ки қабл аз инки Серебренитса ба дасти нерӯҳои серби Босния биафтад, гузориши ниҳоии худро омода кард.
Ӯ дар охирин гузориши худ қабл аз нопадид шудан навишт, "Серебренитса дар ҳоли табдил шудан ба бузургтарин кушторгоҳ аст. Мурдагон ва захмиҳо ҳамчунон ба бемористон оварда мешаванд".
"Оё касе дар ҷаҳон ҳаст, ки биояд ва шоҳиди фоҷеаи дар ҳоли рух додан барои Серебренитса ва мардумаш бошад?"
Ниҳод Ҷитич ҳамроҳ бо ҳазорон нафари дигар ба кӯҳҳо фирор кард, дар ҳоле, ки умед доштанд ҳудуди 100 километр дуртар ба ҷойи амне мерасанд, аммо дигар асаре аз онҳо пайдо нашуд.
Сӣ сол баъд, рӯзи 11 июл, ҳафт ҷасади дигар дар Серебренитса ба хок супурда шуданд.
Хонаводаҳои ҳудуди 1200 қурбонии Серебренитса, ки ҳанӯз ҷасадҳояшон пайдо нашудааст, ҳамчунон ба дунболи адолат ҳастанд. Дуруст, монанди Нермин.
Беш аз 1000 километр дуртар, украиниҳо назорагар ҳастанд ва мепурсанд, оё онҳо низ шоҳиди сарнавишти ба ин монанд хоҳанд буд.