Дар минтақаи Красноярски Русия корманди пулисро дар фурӯши маълумот дар бораи муҳоҷирон, гумонбар медонанд.
Бино ба хабарҳои расмӣ, Кумитаи тафтишот дар ноҳияи Советскийи минтақаи Красноярск ва ҳам Ҷумҳурии Хакасия, алайҳи чор корманди пулис парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ин афрод дар бахши кор бо муҳоҷират дар Красноярск кор мекарданд. Исми ин кормандони пулис нашр нашудааст.
Дар хабар гуфта шудааст, ки ин афрод ба хотири "манфиатҳои ғаразнок", аз мақом суистифода кардаанд.
Аз ҷумла, дар давоми солҳои 2021 то 2024 ин нозирони пулис бо истифода аз захираи иттилоотӣ дар компютерҳои кориашон маълумот дар бораи муҳоҷиронро нусхабардорӣ карда, иттилоот дар бораи шиносномаҳо, ҷойи кор ва ҳолатҳои вайрон кардани қонунҳои маъмуриро дар ихтиёри шахси дигар гузоштаанд.
Он нафар як сокини Красноярск буд, ки бар иваз ба ходимони пулис маблағ ва дигар хадамотро пешкаш мекард ва худаш маълумот дар бораи муҳоҷиронро бо мақсади ташкили ҳузури ғайриқонунии онҳо дар Русия ба кор мебурд.
Чор пулиси гумонбар дар ташкили ин тиҷорати сиёҳ боздошт шудаанд ва тафтишот бояд дар бораи чораҳои зидди онҳо қарор қабул кунад.
Феълан ҷузъиёти дигар дар даст нест. Ҳамчуни маълум нест чӣ миқдор аз муҳоҷирони корӣ аз дасти ин гурӯҳ зарар дидааст.