Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, ҷиҳати омодагӣ ба мусобиқоти гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои 2-и AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) дар шаҳри Мински Беларус ҷамъомади таълимию тамринӣ доир намудааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти бошгоҳи футболи “Истиқлол”, ин ҷамъомад, ки зери раҳбарии сармураббӣ Игор Черевченко дар Маркази омодагии олимпии “Стайк”-и Минск 12-уми июл шуруъ шуд, то рӯзи 24-уми июл идома хоҳад кард. Дар рафти ҷамъомад «Истиқлол» дар пойтахти Беларус бозиҳои санҷишӣ низ анҷом медиҳад.
Бояд зикр намуд, маросими қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои-2-и AFC дар миенаи моҳи августи имсол доир шуда, рақибони «Истиқлол» маълум хоҳанд шуд.
Дар байни рақибони эҳтимолии «Истиқлол» дар Лигаи қаҳрамонҳои 2-и AFC тими «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ низ ҳаст, ки дар ҳайати он ситораи дурахшони футболи ҷаҳонӣ Криштиану Роналду бозӣ мекунад. Дарвоқеъ, Роналду шартномаашро бо ин бошгоҳ то соли 2027 тамдид кард ва имкони хубе вуҷуд дорад, ки “Истиқлол” ва “Ал-Наср” дар як гурӯҳ бошанд.
Аз 1-уми июл дар мусобиқоти имсолаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон равзанаи расмии гузариши тобистона ҷараён дорад, ки то рӯзи 28-уми июл идома хоҳад кард. Дар ин фосила тамоми бошгоҳҳои лигаи олӣ ҳақ доранд, ки бозигарони навро ба ҳайати худ ҷалб намуда, онҳоро расман ба қайд бигиранд.
Мусобиқоти дастаҳои лигаи олӣ ибтидои моҳи август аз сар гирифта мешавад. Пас аз ҷамъбасти 13 даври мусобиқот дар ҷадвали бозиҳо ду даста – КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе ва “Вахш”-и Бохтар - бо 27-имтиёзӣ пешсафанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо КМВА дар ҷойи аввал, “Вахш” дар ҷойи дуюм мебошанд. “Истиқлол”, ки як бозӣ камтар кардааст, бо 24 имтиёз зинаи сеюмро соҳиб шудааст.
Дар мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ, ки бори 34-ум сурат гирифтааст, 12 даста иштирок дорад. Мусобиқот дар ду марҳила барпо мегардад ва ҳар як даста 22 бозӣ анҷом медиҳад.
Дастае, ки имсол дар лигаи олӣ ҷойи охиринро ишғол мекунад, ба лигаи якум мегузарад ва дастае, ки ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи лигаи аввали Тоҷикистон дар соли 2025 бозиҳои гузаришӣ доир менамояд.
Гуфтугӯ